Мәңгілік ел - мәртебелі тіл. Кишвари абадӣ - забони наҷиб.

Тақырып бойынша 11 материал табылды

Мәңгілік ел - мәртебелі тіл. Кишвари абадӣ - забони наҷиб.

Материал туралы қысқаша түсінік
Калидвожаҳо Забони тоҷикӣ, идеяи миллӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, сиёсати забон, идеологияи давлатӣ, идеологияи забонӣ, забони умумимиллӣ, сиёсати миллӣ
Материалдың қысқаша нұсқасы

А.Рудаки атындағы №23 ЖББМ

КММ-нің тәжік тілі және әдебиеті

пән мұғалімі Хамдамов Бабур


Мәңгілік ел - мәртебелі тіл.

Кишвари абадӣ - забони наҷиб.

Калидвожаҳо

Забони тоҷикӣ, идеяи миллӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ,  сиёсати забон, идеологияи давлатӣ, идеологияи забонӣ,  забони умумимиллӣ, сиёсати миллӣ


Калимаи «забон» дар луғатҳо ба маъноҳои зиёде шарҳ ёфтааст.  Агар мазмуни ҳамаи онҳоро дар маҷмӯъ бигирем, як маъно бармеояд: воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон. Дар олам зиёда аз 2000 забон мавҷуд аст. Ин забонҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, то дараҷае миёни ҳам хешутаборӣ доранд. Забони модарии мо ба гурӯҳи забонҳои эронӣ мансуб буда, доираи истеъмоли он васеъ аст.

Андешаҳои бузургон оиди забон

  1. Забон ҳамчун воситаи алоқа ва мубодилаи афкор ба ҳамаи аъзоёни ҷамъият ва синфҳо баробар хизмат мекунад, бинобар ин, забон характери синфӣ надорад. Он ҳодисаи умумиҷамъиятӣ мебошад.  Носирҷон Маъсумӣ

  1. Забон рукни асосии миллат аст. Ҳар кӣ ба қадри забон нарасад, ба қадри ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас намерасад. Охир, забон модар аст, забон таърих аст, забон маданият аст, забон тақдир аст. Касе, ки забону маданияти миллати худро намедонад, шахси маданӣ буда наметавонад. Шарофиддин Рустамов

  1. Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буда ва ҳаст. Лоиқ Шералӣ

  1. Марги миллат аз марги забон сар мешавад. Гулрухсор

  1. Миллате, ки забони модариашро тавоно намесозад, пос намедорад ва азиз намешуморад, маҳкум ба завол ва пастист. Ардамеҳр

Забони мо ҳоло ба талаботи имрӯзу фардо бояд ҷавоб гӯяд, хостаҳои дирӯзу парерӯз, суннатҳои ҳазорсоларо низ бояд фаромӯш накунем.

Зебоиву равонӣ, тавоноӣ ва матонати забони адабиёти илми классикӣ бояд ҳамеша намунаи ибрати мо бошад. Робитаи мо ба забони халқ ва адабиёти классикӣ ҳар чӣ бештар бошад, пояҳои халқии забони адабии имрӯза ба ҳамон андоза устувор хоҳад буд. Муҳаммадҷон Шакурӣ

Маданияти забон дар заминаи хуб донистани забони модарӣ инкишоф меёбад. Абдуқодир Маниёзов

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷ аҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII оғоз шудааст. Забони тоҷикӣ дар даврахои гуногун диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони форсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони фалсафаи материалистӣ Фридрих Энгелс, шоири немис Гёте, шоири рус Есенин, шарқшносони маъруфи дунё Бертелс, Брагинский, Бартолд ва дигарон низ мароқи зиёд зоҳир карда буданд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии он ворид мешаванд.
Забони форсӣ ба забонҳои порсиву дарӣ хеле монанд аст ва аҳолии кишварҳо, Эрон,Ҳиндустон,Ӯзбекистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон, Шарқи Наздик, инчунин дар Сангқалъаи Ҷумҳурии Халқии Чин низ бо ин забон гуфтугӯ мекунанд.

Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.

Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.

Забони тоҷикӣ— ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣбуда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣгардидааст.

Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тўли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Хушбахтона,  миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  дар радифи  дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрўзи обод оварда расонад.

Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣва давлатӣдар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ , тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.


Пайнавишт

1.Муҳаммад А.Н. Муқаддимаи идеяи миллӣ. – Душанбе, 2003. -180 с. 

2.Гришечко О. С. Языковая идеология: теория описания и практика воплощения. [электронный ресурс]. URL:https://cyberleninka.ru (санаи муроҷиат 05.07.2019)

3.Мечковская, Н.Б. Социальная лингвистика: Пособие для студентов гуманит. вузов и учащихся лицеев. — 2-е изд., испр. / Н.Б. Мечковская. – М.: Аспект Пресс, 2000. — 207 с.

4.Нозимов, А.А. Языковая ситуация в современном Таджикистане: состояние, особенности и перспективы развития: дисс. ... д-ра филол. наук : 10.02.22 / А.А. Нозимов. –Душанбе, 2010. – 309 с.

5.Сайидзода З.Ш. Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ. Нашри сеюм / З.Ш. Сайидзода.  - Душанбе: Контраст, 2019. – 130 с. 


Жүктеу
bolisu
Бөлісу
ЖИ арқылы жасау
Файл форматы:
docx
30.01.2025
78
Жүктеу
ЖИ арқылы жасау
Бұл материалды қолданушы жариялаған. Ustaz Tilegi ақпаратты жеткізуші ғана болып табылады. Жарияланған материалдың мазмұны мен авторлық құқық толықтай автордың жауапкершілігінде. Егер материал авторлық құқықты бұзады немесе сайттан алынуы тиіс деп есептесеңіз,
шағым қалдыра аласыз
Қазақстандағы ең үлкен материалдар базасынан іздеу
Сіз үшін 400 000 ұстаздардың еңбегі мен тәжірибесін біріктіріп, ең үлкен материалдар базасын жасадық. Төменде керек материалды іздеп, жүктеп алып сабағыңызға қолдана аласыз
Материал жариялап, аттестацияға 100% жарамды сертификатты тегін алыңыз!
Ustaz tilegi журналы министірліктің тізіміне енген. Qr коды мен тіркеу номері беріледі. Материал жариялаған соң сертификат тегін бірден беріледі.
Оқу-ағарту министірлігінің ресми жауабы
Сайтқа 5 материал жариялап, тегін АЛҒЫС ХАТ алыңыз!
Қазақстан Республикасының білім беру жүйесін дамытуға қосқан жеке үлесі үшін және де Республика деңгейінде «Ustaz tilegi» Республикалық ғылыми – әдістемелік журналының желілік басылымына өз авторлық материалыңызбен бөлісіп, белсенді болғаныңыз үшін алғыс білдіреміз!
Сайтқа 25 материал жариялап, тегін ҚҰРМЕТ ГРОМАТАСЫН алыңыз!
Тәуелсіз Қазақстанның білім беру жүйесін дамытуға және білім беру сапасын арттыру мақсатында Республика деңгейінде «Ustaz tilegi» Республикалық ғылыми – әдістемелік журналының желілік басылымына өз авторлық жұмысын жариялағаны үшін марапатталасыз!
Министірлікпен келісілген курстар тізімі